ТОЗА НАМУДАНИ ЗАМИНҲОИ ПАХТА АЗ ҒӮЗАПОЯ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, тоза кардани заминҳо аз ғӯзапоя ва тайёр кардани он барои кишти баҳорӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтапарвар давом дорад. Ҳоло аз майдони 237 ҳазору 112 гектар 154 ҳазору 186 гектари он аз ғӯзапоя тоза карда шудааст, ки ин 65 фоизи замини ғӯзапояро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2007 17 ҳазору 992 гектар зиёд аст. Бояд зикр намуд, ки хоҷагиҳо баробари тоза кардани ғӯзапоя шудгори заминҳоро ба роҳ мондаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






