ҚАРЗИ ХОҶАГИИ Ф. САИДОВ БА МИЛЛИОН РАСИД
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба суханони сардори хоҷагии Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар Абдумалик Шарифов, бо сабаби сари вақт маблағгузорӣ нашудани хоҷагӣ аз тарафи сармоядор бақияи қарзи андози хоҷагӣ беш аз 1 млн.сомонӣ аст. Боиси зикр аст, ки ҷамъоварии пахта дар ин хоҷагӣ соли 2008 аз 7630 тоннаи пешбинишуда, ҳамагӣ 4397 тонна ё баробари 57,8 фоиз иҷро шуд. Ин маънои онро дорад, ки баъди фурӯши пахта ҳам қарзи андози хоҷагӣ барои соли 2009 боқӣ мемонд. Қарз ба ҷойи кам шудан қариб дар ҳамаи хоҷагиҳо рӯ ба афзоиш овардааст. Вазъияти қарздорӣ нафақат ба хоҷагии мазкур, балки ба бисёр хоҷагиҳои дигари вилояти Хатлон низ тааллуқ дорад.








Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






