ҲУНАРПЕШАИ МАШҲУРИ ИТАЛИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Ҳунарпешаи машҳури Италия, дирежёри маъруф аз шаҳри Милан Жерардо Калелла ҳамроҳи ҳамсараш — овозхони опера Барбара Калелла 15 январ ба Душанбе меояд. Вай мувофиқи қарордод дар давоми як сол дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ кор карда, дар таҳияи намоишномаҳо саҳм мегузорад.Жерардо Калелла на танҳо ҳунарпешаи маъруф ва яке аз дирежёрҳои театри операи Ла Скала, балки муовини раиси кумитаи тадорукоти Ҷашнвораи санъати операи мамлакатҳои Аврупо мебошад, ки ҳар се сол як маротиба гузаронида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Театри опера ва балети ба номи С, Айни моҳи маи соли 2009 бори аввал дар ҷашнвораи мазкур иштирок хоҳад кард. Театри мазкур дар миқёси мамлакатҳои Осиё ягона театрест, ки дар ин ҷашнвораи мӯътабар ширкат меварзад. Аз Тоҷикистон дар ҷашнвора оркестри симфонӣ ва дастаи хорсароён таҳти роҳбарии директори театр Холмаҳмад Маҷидов иштирок менамоянд.То ба театр омадани ҳунарпешаи итолиёвӣ дар ин ҷо намоишномаҳои «Аида» ва «Кармен» ба забони итолиёвӣ ба саҳна гузошта мешаванд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






