ҶАЛАСАИ ШЎРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАШТ

Январь 29, 2009 19:04

           Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар рафти он ҳисоботи  роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида шуда, натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифт ва вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас карда шуд.          Таваҷҷўҳи зиёд ба бартараф намудани камбудию нуқсонҳои мавҷуда, таҳкими омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва фаъолияти дигар сохторҳои дахлдор оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ зоҳир гардид.          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти худ ба Раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллоев, Раиси Шўрои адлия Шермуҳаммади Шоҳиён, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ  Зариф Ализода ва Деректори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Исмоил Шафиев 6 моҳ мўҳлат дод.

Январь 29, 2009 19:04

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд