2008: ЧӢ ҚИММАТ ВА ЧӢ АРЗОН ШУД?
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми соли 2008 индекси нархҳои истеъмолӣ 111,8 фоизро ташкил дод. Дар Кумитаи омори ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли гузашта аз ҷумла индекси молҳои озуқа 113 фоиз, молҳои ғайри озуқа 105 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 120,6 ба фоиз баробар шуд. Гуфтанист, ки дар тайи соли 2008 нархҳои молҳои озуқаворӣ 13 фоиз қиммат гардид. Аз ҷумла, бехпиёз 2,5 баробар, биринҷ 73 фоиз, шир 43,8 фоиз, ярмаи дили гандум 26,4 фоиз, гӯшти гов 24,6 фоиз, гӯшти гӯсфанд 23,7 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 12,1 фоиз ва орди гандумии навъи якум 2,3 фоиз зиёд гашт. Дар баробари ин, дар ин давра нархи баъзе маҳсулот, аз ҷумла сабзӣ 42,3 фоиз, себ 29,5 фоиз, равғани пахта 20,8 фоиз ва тухм 8,2 фоиз арзон шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






