АНҶУМАНИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ДУШАНБЕШАҲР СОЗМОН ЁФТ
Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар пойтахт «Анҷумани фарҳангии ҷавонони андешавари Душанбешаҳр» созмон дода шуд. «Ҳадаф аз таъсиси Анҷумани мазкур самаранок истифода бурдани потенсиали ақливу зеҳнии ҷавонон, ташаккули ҳаракати интелегатсионии ҷавонон ва фаъолгардонии онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии пойтахт мебошад», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар», сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов. Анҷуман беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли пойтахтро ба ҳам оварда, онҳоро ҳамчун муҳаррик ва пешбарандаи нерӯи созанда истифода мебаранд. Бояд зикр кард, ки ба аъзоён Анҷуман аз ҷониби сиёсатмадорони варзида, коршиносон ва шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ, сӯҳбату мулоқот ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, донишҳои сиёсӣ, иттилоотонӣ доир ба равандҳои демократӣ ва созанда дар дохил ва хориҷии кишвар гузаронида мешавад. Минбаъд фаъолҷавонони пойтахт донишу малакаи азбарнамудаи худро баҳри маърифатнокӣ ва ҳалли ҳар чӣ бештари проблемаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонон равона менамоянд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






