АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ЧӢ ГУНА РАҲОӢ ЁБЕМ

Январь 31, 2009 10:10

            Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат бунёду азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Шоҳон-Зиғар, Шикев-Зиғар, Душанбе-Чанок, Душанбе-Саритош, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон ва Шаршар идома дода мешаванд.            Бо истифода аз маблағҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ 1200 километр роҳҳои мошингард, 14 километр нақбҳо, 93 пул ва 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва тармим шуда истодааст.            Солҳои наздик ба азнавсозии роҳҳои мошингарди Қурғонтеппа-Панҷ, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Данғара ва сохтмони нақби Чормағзак шурӯъ карда мешавад.            Бо мақсади ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон роҳҳои мошингарди кишвар ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешаванд.

Январь 31, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд