БҶ БА ҶТ БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКА КӮМАК МЕРАСОНАД

Январь 31, 2009 10:25

                        Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 январ бо мудири Бонки ҷаҳонӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ Мотто Кониши мулоқот кард. Мудири Бонки ҷаҳонӣ баъди анҷоми мулоқоташ бо Сардори давлат зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки рушди соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва пешгирии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии мулоқот буд. Қайд карда шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ дар оянда ҳам ба Тоҷикистон дар бобати рушди соҳаи гидроэнергетика кӯмак хоҳад расонд. Зеро пешрафти ин соҳа на танҳо барои Тоҷикистон муҳим аст, балки ба манфиати мамлакатҳои минтақа мебошад. М.Кониши изҳор намуд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Мамлакатҳои ҷаҳон дар давоми як — якуним сол ба душвориҳои ҷиддии иқтисодӣ мувоҷеҳ хоҳанд гашт. Бонки ҷаҳонӣ кӯшиш хоҳад кард, ки оқибатҳои бӯҳрон сари вақт бартараф карда шаванд, гуфт М.Кониши.

Январь 31, 2009 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд