БА БОЛОРАВИИ НАРХИ МАҲСУЛОТҲО ХАДАМОТИ ГУМРУК ГУНАҲГОР НЕСТ

Январь 21, 2009 15:04

               Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «Таъсири мақомоти гумрук ба боло рафтани нархи фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои дохилии кишвар нест. Чунки ягон санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди тағйир додани андоз ва боҷу хироҷҳои гумрукӣ тағйир дода нашуданд. Вобастагии тағйирёбии нархи маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ мустақиман ба фаъолияти департаменти зидди инҳисории вазорати рушди иқтисод ва савдо марбут аст, ки то андозае ба тағйир додани нархҳои маҳсулот дар ҷумҳурӣ таъсир мерасонанд»,- гуфт муовини раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадов дар нишасти матбуотие, ки 21 январ шуда гузашт.             Инчунин, номбурда қайд кард, ки дар соли сипаришуда ба ҷумҳури 539,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафти ворид шуд, ки нисбат ба соли 2007 20,6 ҳазор тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла 280,8 ҳазор тонна бензин ва 144, 7 ҳазор тонна сӯзишвории дизели ворид гашт.

Январь 21, 2009 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд