БА НАВХОНАДОРОН ҚУРЪОНИ МАҶИД ТАҚДИМ КАРДА ШУД

Январь 4, 2009 14:16

        Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). -Дар оғози Соли нави мелодии 2009 ба 120 оилаи ҷавони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он ҷиҳози рӯзгор тақдим карда шуд.         Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе аз сӯи намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ тӯйи хонадоршавии ин оилаҳои ҷавон барпо гардида буд.         Маблағи умумии ҷиҳози рӯзгор, ки ба навхонадорон тақдим карда шуд 3 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, аз қолину яхдон, мошинаи дарздӯзӣ, рӯйпушҳо, зарфҳои ғизохӯрӣ ва ғайраҳо иборат аст. Ҳамзамон ба навхонадорон китоби Қуръони маҷид ва 200 сомонӣ тӯҳфа карда шуд.        Тибқи иттилои роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом  Хумайнӣ дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ-  то имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни издивоҷи 650 ҷуфт ҷавонон гузаронида шуд. Дар оянда низ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон баргузории чунин ҷашнҳои издивоҷ дар назар аст.         Бояд зикр кард, ки тӯйи хонадоршавии фарзандони оилаҳои камбизоати ҷумҳурӣ аз сӯи Кумитаи мазкур дар асоси қарордоди байни ҳукумати Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардида, қадами устуворест дар роҳи қоҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар.

Январь 4, 2009 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд