«БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН» СОҲАИ КИШОВАРЗИРО БЕШТАР ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Январь 31, 2009 10:59

                  Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли 2008 ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ба як қатор муваффақиятҳо дар соҳаи бонкдорӣ ноил гардида, тавонист мавқеи худро дар бозори молиявии Тоҷикистон қавитар гардонад.                  Дар давоми соли 2008 дороиҳои бонк маблағи умумии 98 614 398 сомониро ташкил дод, ки афзоиш нисбат ба соли 2007-ум 210,1 фоизро ташкил медиҳад. Дороиҳои худӣ бошанд, дар охири сол ба 60 482 643 сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2007-ум 243,2 фоиз зиёд аст.                  Қарзҳои додашудаи бонк дар ин давра нисбат ба соли 2007-ум 85,7 фоиз зиёд гашта, маблағи 98 506 511 сомониро ташкил дод. Яке аз самтҳои асосии қарздиҳӣ ин маблағгузории рушди соҳаи кишоварзӣ буд. Дар соли 2008 вазни қиёсии қарзҳои хоҷагии қишлоқ 16,4 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ё 16 150 930 сомониро ташкил дод.  

Январь 31, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд