БОНУВОНИ ТОҶИК БА ТАХТИ ҶАМШЕД МЕБАРОЯНД

Январь 21, 2009 14:49

             Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳайати бонувони тоҷик, ки аз кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, мудирони шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии мамлакат иборат буд, озими шаҳри Теҳрон шуданд.             Сафари бонувони тоҷик ба ин кишвар бо даъват ва мусоидати Созмони фарҳангӣ ва иртибототи исломии Эрон сурат гирифт. Муддати як ҳафта занони тоҷик бо паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти занони эронӣ шинос мешаванд.             Онҳо дар Маркази занон ва хонаводагии ин кишвар бо масъулон ва кормандон он мулоқот намуда, бо фаъолияти ин марказ ва дигар созмонҳои ғайридавлатие, ки ба масъалаҳои занон марбутанд, шинос мешаванд.            Инчунин, ҳайати бонувони тоҷик ба шаҳри Шероз рафта, аз ёдгориҳои беназири фарҳангию таърихии ин шаҳри қадима, бахусус Тахти Ҷамшед дидан менамоянд.  

Январь 21, 2009 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд