ДАВЛАТ БА РУШДИ ХОҶАГИИ ОБИ ВИЛОЯТ КӮМАК МЕРАСОНАД

Январь 7, 2009 16:01

           Қӯрғонтеппа, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Мақомоти иҷроияи ҳокимияити давлатӣ имсол барои таъмини фаъолияти мӯътадили муассисаҳои  оби вилояти Хатлон кӯмак мерасонанд. Айни ҳол каналҳои мавҷударо тоза кардан зарур аст, вале ташкилоту муассисаҳо барои ин маблағи зарурӣ надоранд.        Тавре ки  сардори  раёсати хоҷагии оби вилоят Мирзоалӣ Собиров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар иҷлосияи охирини маҷлиси вакилони мардумии вилоят барои рушди  хоҷагии об маблағи зарурӣ ҷудо карда шуд. Соли 2008 барои  таъмини фаъолияти  хоҷагии об 583 ҳазор сомонӣ сарф гардид. Соли равон бо ин мақсад 2,6 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. М.Собиров зикр кард, ки ин маблағ барои беҳтар сохтани фаъолияти хоҷагии оби вилоят кифоя мебошад.

Январь 7, 2009 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд