«ДОНИШҶӮИ СОЛ» ДАР БАЙНИ ДОНИШҶУДУХТАРОНИ ДДОТ

Январь 13, 2009 11:06

Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Дар Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ озмун баргузор гашт. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби масъули  озмуни мазкур Марҳабо Олимова иттилоъ дод, бо мақсади иҷрои  барномаи давлатии ҶТ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи ҶТ аз ҳисоби духтарони лаёқатманд дар солҳои 2007 – 2016, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ озмуни маърифатӣ — зеҳнии «Донишҷӯи сол» дар байни донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин озмун Раиси кумитаи занон ва оилаи шаҳри Душанбе Сайрамбӣ Лангариева, муовини раиси ноҳияи И. Сомонӣ Зулайхо Зокирова ва донишҷӯдухтарон иштирок намуданд. Шартҳои озмун аз  ҷавоб додан ба саволҳо оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, сатҳи донишандӯзии донишҷудухтарон ва иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ, иборат буд.           Зикр шуд, ки ғолибияти  озмун насиби донишҷӯдухтари курси сеюми факультаи таърих Таманно Бойназарова ва дастаи у гардида, ҷои дуюмро донишҷӯи курси сеюми факультаи забонҳои хориҷӣ Меҳрангез Турсунова ва дастааш  ва ҷои сеюмро донишҷӯи курси дуюми факультаи забон ва адабиёти рус Анзурат Холова ишғол намуданд.      

Январь 13, 2009 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад