ДУХТУРОНИ ОИЛАВӢ БОЗОМӮЗӢ КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тиб бо таъсис ёфтани худ дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Аз таъсис ёфтани донишкада вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, аммо муваффақиятҳои дар соҳаи бозомӯзии духтурони баландихтисос ба дастовардааш беназир аст. Дар давоми чанд соли фаъолияти донишкада беш аз 4 ҳазор духтурон аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, ба ҷойи кори худ баргаштанд. Донишкада дар тайёр кардани духтурони оилавӣ ҳам саҳми арзанда мегузорад. Ба наздикӣ баробари дигар духтурони оилавӣ, 4 нафар корандони миёнаи тиббии Маркази тиби оилавии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз курси такмили ихтисоси 11 моҳаи баъдидипломӣ гузаштанд ва барои фаъолияти минбаъда ба Маркази тиби оилавии шаҳри Хоруғ баргаштанд. Донишкада барои равнақ бахшидани соҳаи нав- тиби оилавӣ чорабиниҳои боз ҳам беҳтарро ба нақша дароварданист,- иброз дошт директории донишкадаи мазкур, профессор-Аламхон Аҳмадов.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






