ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР СОЛИ 2008 САМАРАБАХШ БУД

Январь 5, 2009 14:21

        Душанбе,  5  январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина  Ғоибназарова). – Иттифоқи  журналистони  Тоҷикистон,  ки  ба  оғози  фаъолияти он  соли  равон  50  сол пур  мешавад,  соли  2008 – ро  бо  натиҷаҳои  назаррас  ҷамъбаст  намуд. Иттифоқи  журналистони  Тоҷикистон  соли гузашта ба  узвияти Шӯрои байнидавлатии  ҳамоҳангсози  фаъолияти  воситаҳои  ахбори оммавӣ   қабул  гардид, ки бо  ташаббуси  Бунёди  байналхалқии  ҳамкории гуманитарӣ дар  ҷараёни  мулоқоти  намояндагони  зиёиёни илмию  эҷодкори  ИДМ  таъсис  дода шуд. Ташкили шӯрои  мазкур   барои  ҳалли  масъалаҳои  муҳимтарини  марбут ба  фаъолияти  хабарнигорон ва  вусъати  равобити байналхалқии  онҳо  аҳамияти  калон  дорад.          Ин  кӯшиши  нахустини  муттаҳид  сохтани  созмонҳои  журналистии  мамлакатҳои  ИДМ  дар  давоми  14  соли охир  мебошад. Соли  2008  шумораи  аъзоёни  Иттифоқи  журналистони  Тоҷикистон  ба  2  ҳазор  нафар  расид. Тақрибан  30  фоизи онҳо  журналистони  озоду  мустақил  мебошанд. Соли  2008 бештар аз  1000  нафар  корманди  воситаҳои  ахбори оммавии  мамлакат ба  узвияти Иттифоқи  журналистон  қабул  карда шуд.

Январь 5, 2009 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд