ФИЛМИ НАВИ «ТОҶИКФИЛМ»
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар студияи «Тоҷикфилм» маросими шиносоӣ бо филми нави бадеии «Гумгаштапайдо» баргузор гардид, ки онро коргардон Юнус Юсуфов ба навор гирифтааст. Директори филм Юсуф Воҳидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки нахустнамоиши филм бомуваффақият гузашт. Муаллифони намоишнома нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва коргардон Юнус Юсуфов мебошанд. Филм дар бораи зиндагии духтараке нақл мекунад, ки хеле барвақт аз падару модараш маҳрум гардидааст. Филми мазкур ояндаи наздик дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Коргардон Юнус Юсуфов зикр намуд, ки вай айни ҳол ба банду басти филми нави бадеии «Бо нӯги пой» машғул мебошад. Филми мазкур аз рӯи ҳикояи нависандаи рус Василий Шукшин таҳия шудааст ва намоишномаи онро Ю.Юсуфов таҳия кардааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






