ФОҶИАИ ГУМАНИТАРӢ ДАР ВОҲАИ ҒАЗЗАҲ

Январь 4, 2009 11:59

        Ғаззаҳ, 4 январ. (АМИТ «Ховар» — Евронюс).- Амалиёти ҳарбии  як ҳафта боз дар воҳаи Ғаззаҳ идома ёфта истодаи  Исроил сабаби рух додани фоҷиаи гуманитарӣ гардид. Ҳоло дар ин ҷо камбуди маводи хӯрока, об, маводи сӯхт, қувваи барқ ва ғайра ба қайд гирифта шудааст. Намояндагони созмонҳои байналхалқӣ масъулияти чунин  вазъияи ногуворро ба зиммаи роҳбарони ҷунбиши  «Хамос» мегузоранд. Намояндаи СММ Роберт Сарӣ ба мухбирон гуфт, ки  инфраструктураи воҳаи Ғаззаҳ дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ амалан нобуд карда шудааст. Шумораи ҳалоку маҷрӯҳшудагон рӯз то рӯз бештар мегардад. Ҷунбиши  «Хамос» дар ҷавоб ҳар рӯз ба қаламрави Исроил бештар мушакҳои тарканда мепарронад. Гуфтушунидҳо барои беҳтар сохтани вазъият натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Исроил Сипи Ливни  зимни мулоқот бо Президенти Фаронса Николя Саркози изҳор намуд, ки  дар сарҳади Фаластин бештар аз пештар гузаргоҳҳои нақлиётӣ кушода шудаанд. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ ба муқобили ҷунбиши «Хамос»  аҳолии маҳаллиро  то ҳадди имкон муҳофизат кунем. Исроил аз оғози амалиёт ҳар рӯз ба қаламрави воҳаи Ғаззаҳ 60 мошин кӯмаки башардӯстона мефиристад. Ин нисбат ба давраи пеш аз оғози амалиёт хеле зиёд аст. Ҳайати Лубнон 31 декабри соли 2008 дар маҷлиси Шӯрои амнияти СММ аз номи  гурӯҳи мамлакатҳои араб қатънома пешниҳод кард, ки дар он амалиёти ҳарбии Исроил дар воҳаи Ғаззаҳ маҳкум карда мешавад.

Январь 4, 2009 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд