ГУФТУШУНИД БАРОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАИ ТРАНЗИТИ ҚУВВАИ БАРҚ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Нишасти матбуотӣ дар Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» бахшида ба натиҷаҳои соли гузашта, ки мебоист 28 январ баргузор мегашт, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд. Аз дафтари матбуоти ширкат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки роҳбарияти он бо мақсади гуфтушунид дар масъалаи транзити қувваи барқ ба Тоҷикистон ба ҳориҷи кишвар сафар кард. Ба қавли мутахассисон, агар масъалаи ворид сохтани қувваи барқ аз хориҷа ба Тоҷикистон ҳал карда навашад, захираи оби обанбори Норак танҳо то миёнаҳои моҳи феврал кифоя мекунаду халос.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд






