ИСЛОҲОТИ СУДИ ДАР КИШВАР ТАТБИҚ МЕШАВАД?
Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ дар маҳалҳо, мутахассисони Суди Олии иқтисодии мамлакат дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод, Данғара, Норак, Темурмалик ва Панҷ сӯҳбату машваратҳо баргузор карданд. Дар машваратҳо мутахассисони Суди олии иқтисодии мамлакат атрофи масъалаҳои риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, хусусигардонии амволи давлатӣ, роҳҳои ҷилавгирӣ аз муфлисшавӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ табодули назар карданд. Ба андешаи Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ Амирхоҷа Ғоибназаров, ташкили чунин мулоқоту машваратҳо ҷиҳати такмили ҷаҳонбинии соҳибкорон ва аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ нақши муассир гузошта, қадами устуворест дар роҳи татбиқи ислоҳоти судӣ дар кишвар.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






