ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).-Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз авзои бӯҳронии навори Ғазза изҳори нигаронӣ мекунад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз раёсати итилоти вазорати мазкур хабар доданд, ки шиддат гирифтани даргириҳои мусаллаҳона дар навори Ғазза боиси кушта шудани садҳо ва маҷрӯҳ гардидани ҳазорон нафар аҳолии осоишта, аз ҷумла, кӯдакон ва занон шудааст. Ғазза, ки дар ҳолати муҳосира қарор дошт, бар асари даргириҳо метавонад ба фалокати гуманитарӣ дучор шавад. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкиди ақида мекунад, ки мавзӯи Ғазза, низои арабу Исроил ва умуман бӯҳрони Ховари Миёна ҳалли низомӣ наметавонад дошта бошад. Аз ин дидгоҳ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама тарафҳои даргир даъват ба амал меоварад, ки фавран ва бе ҳеҷ қайду шарт оташбас эълон кунанд ва раванди музокиротро аз сар гиранд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷдиди пуштибонӣ аз талошҳои миёнҷигарии кишварҳо ва созмонҳо, ки ба ҳалли мусолиматомези масъалаи Ғазза равона шудаанд, изҳори боварӣ менамояд, ки иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои ғайримусолматомези ҳалли ихтилофҳо ва низоъҳоро метавонад истисно кунад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






