ЛОИҲАҲОИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД ТАТБИҚ МЕШАВАД

Январь 23, 2009 15:14

                 Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар»). Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода ҳайати Бонки исломии рушдро таҳти сарварии Фаррух Муан ба ҳузур пазируфт. Дар ҳайати мазкур мутахассисон ва таҳлилгарони лоиҳаҳо, намояндагони Бонки исломии Рушд аз қароргоҳи минтақавии Алмаато иштирок доштанд.                 Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҶТ иттиллоъ доданд, дар мулоқот дар бораи татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо ширкати Бонки Исломии Рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки арзиши умумии лоиҳаҳои соҳаи энергетика 11,6 млн. доллари ИМА буда, аз он ҳиссаи Бонки Исломии Рушд 9,2 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи ШСХК «Барқи Тоҷик» 2,4 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.                 Мутобиқи лоиҳаҳо сохтмони 8 адад НОБ-ҳои хурд дар ноҳияҳои Айнӣ, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Балҷувон, Турсунзода ва Шаҳринав дар назар аст. Мутаасифона суръати корҳо дар иншоотҳои номбаршуда хеле паст аст ва аз оғози татбиқи лоиҳаҳо ҳамагӣ 25% корҳо ба субут расидаанд. Бинобар ҳамин шартномаҳои байни пудратчи ва корфармо-Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроинергетика» бекор карда шуда, баъд аз баргузории тендер, амалӣ гардонидани лоиҳа ба зиммаи пудратчиён вогузор карда шуд. Мутобиқи маълумоти муассисаи зикршуда, айни замон ҷараёни гирифтани кафолати бонкӣ аз ҷониби ширкати пудратчии маҳаллӣ идома дорад.                Ҳамчунин дар ҷараёни сӯҳбат масъалаи тезонидани корҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи бисёрошёнаи байниноҳиявии вилояти Хатлон бо арзиши умумии 17,2 млн. доллари амрикоӣ ба анҷомрасонии сохтмони се мактаби миёна ва дастрас намудани таҷҳизотҳо дар ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Панҷ ба маблағи 3,3 млн. доллари ИМА махсусан таъкид гардид.

Январь 23, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд