МАҶЛИСИ ШӮРОИ ТИҶОРАТИӢ СҲШ ДАР ЧИН БАРГУЗОР ГАРДИД

Январь 23, 2009 11:14

                  Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар шаҳри Шенчжени Ҷумҳурии Мардумии Чин маҷлиси навбатии Шӯрои тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид иштирок намуд ва сухан кард. Вай зикр намуд, ки мамлакатҳои аъзои созмон аз имкониятҳои мавҷудаи ҳамкории мутақобилан муфид самарабахш истифода мебаранд.                 Аз ҷумла, Тоҷикистону Русия дар масъалаи амалӣ сохтани барномаҳои сармоягузорӣ маълумоти заруриро дастраси ҳамдигар мегардонанд. Ширкатҳои чинӣ сохтмони роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқро анҷом медиҳанд.  Роҳи мошингарди Душанбе — Хоруғ — Қулма — Қароқорум дар оянда мамлакатҳои Аврупоро бо Чин мепайвандад.  Айни ҳол фонди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон бунёд карда шуд, ки барномаҳои муштаракро дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан ва кишоварзӣ амалӣ месозад.                 Ба қавли Шариф Саид, ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмонро дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва такмили маҳорати онҳо давом додан зарур аст. Нотиқ пешниҳод кард, ки барои кам кардани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ тадбирҳои муштарак андешида шаванд.                Маҷлиси ояндаи Шӯрои тиҷоратии СҲШ соли равон дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор мегардад.                                                                                                                                                   Тарҷумон — Қудратов А.

Январь 23, 2009 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд