МУҲОҶИРОН БОЯД СУҒУРТА КУНАНД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Имрӯз зиёда аз 700 ҳазор шаҳрвандони мо, ки дар Федератсияи Русия кор ва фаъолият доранд, муштарии ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» нестанд. Бояд гуфт, ки ҳодисаҳое, ки имрӯз нисбати баъзеи онҳо дар ин шаҳрҳои дурдаст рух медиҳад мо имкони онҳоро дастгирӣ кардан надорем»,- гуфт зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки мо имрӯз ба ширкатҳои хориҷии Русия мактуб кардем, то ки фаҳмонем, ки бисёре аз ин шаҳрвандони мо дар ширкатҳои сохтмонӣ кор мекунанд, ки ин ширкатҳо суғурта кардагӣ ҳастанд, бинобар ин мо барои нисбати баъзеи ин шаҳрвандон, ки ба онҳо ҳодисаҳои нохуш рух додааст, аз ширкатҳои номбурда барои падару модарони нобудшудагон маблағи заруриро баргардонем. «Чӣ тавре, ки маълум аст, чанде қабл дар натиҷаи сӯхтор якчанд шаҳрвандони мо фавтиданд. Бинобар ин мо тамоми имкониятҳоро истифода бурда барои ба наздиконашон баргардонидани маблағи суғуртавии онҳо, ки аъзои ширкатҳои суғуртавии Русия буданд кӯшиш менамоем», — тазаккур дод М. Сафаров.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






