МУЛОҚОТ ДАР ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо директори Ширкати байналхалқии намоишгоҳҳои «Гроу интернейшнал» Муҳаммад Имронӣ мулоқот кард. Ҳадафи мулоқот муҳокимаи имкониятҳои дар Тоҷикистон гузаронидани мулоқотҳои соҳибкорону тоҷирон ва ташкили намоишгоҳҳои байналхалқӣ буд. Ш.Саид таъкид кард, ки ташкили намоишгоҳу ярмаркаҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти палата мебошад ва барои ба бозори ҷаҳонӣ баровардани молҳои сохти ватанӣ, ҷалби сармоя ва дарёфти ҳамкорони нав, инчунин бунёди корхонаҳои муштарак нақши муҳим мебозанд. Соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ бо ин роҳ бо маҳсулоти корхонаҳои хориҷӣ шинос гардида, таҷрибаи худро ғанитар мегардонанд. Паймон карда шуд, ки соли 2009 дар Душанбе се намоишгоҳ ва дар Хуҷанд як намоишгоҳ ташкил карда шаванд. Инчунин бахшида ба проблемаҳои муҳими тиҷорату соҳибкорӣ машваратҳо ва конфронсҳо гузаронида хоҳад шуд. Дар давоми солҳои 2009 — 2010 китоби «Роҳнамои тоҷирон» ба забонҳои форсию англисӣ ва русӣ чоп карда мешавад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






