МУЗДИ КОР БА ВОСИТАИ КОРТҲОИ ПЛАСТИКӢ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» дар вилояти Суғд барномаи ҷорӣ кардани кортҳои пластикиро барои гирифтани музди кору маош дар корхонаю муассисаҳо амалӣ намуд. Дар натиҷаи ҳамкории мутахассисони бонк ва маъмурияти Корхонаи муштараки «Зарафшон» минбаъд ба коргарони корхона танҳо ба воситаи кортҳои пластикии Ҷамъияти саҳомии «Агроинвестбонк» музди кор дода мешавад. Акнун 1500 нафар коргарон ва кормандони корхона музди корашонро ба воситаи кортҳои пластикӣ чӣ дар ҷойи кор, чӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз қаламрави он дар вақти дилхоҳашон бе ягон мамониат гирифта метавонанд. То имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ 51 банкомати Ҷамъияти саҳомии «Агроинвестбонк» насб карда шудааст. Шумораи онҳо дар давоми солҳои оянда боз ҳам бештар хоҳад гашт.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






