НОБОЛИҒ ДАСТ БА ГОВ ДУЗДӢ ЗАД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ноболиғ Ғарибшои Ғазалшо хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи № 21-и деҳаи Уртақайнари ҷамоати Норинро барои дуздӣ дастгир намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Ғарибшои Ғазалшо аз назди замини деҳа чорвои шохдори калон (гов)-ро, ки арзишаш 1100 сомонӣ буда, ба шаҳрванди ҳамин деҳа Қундузой Қувандиқова тааллуқ дорад, дуздидааст. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






