ОМОДАГӢ БА КОНФРОНСИ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН

Январь 16, 2009 16:30

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров дар мулоқоти  муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай , ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин мулоқот  намояндагони мақомоти муҳофизи қонун низ иштирок доштанд. Аз вазорати корҳои хориҷӣ  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ  ба конфронси махсуси бахшида ба Афғонистон баррасӣ шуданд. Конфронси мазкур таҳти сарпарастии Созмони  ҳамкории Шанхай гузаронида мешавад. Дар мулоқот аз ҷумла масъалаҳои ташкилии  конфронс муҳокима гардиданд.Дар конфронс масъалаҳои  тақвияти муборизаи муштарак ба муқобили терроризм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва  ҷиноятҳои муташаккилона муҳокима карда мешаванд, ки  дар Афғонистон торафт бештар ривоҷ ёфта, ба мамлакатҳои ҳамсоя таҳдид менамоянд.

Январь 16, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд