РАССОМИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН УЗВИ ИФТИХОРИИ АКАДЕМИЯИ ҲУНАРҲОИ БАДЕИИ Р

Январь 27, 2009 10:39

                  Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Рассоми халқии ҶШС Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов узви ифтихории Академияи ҳунарҳои бадеии Федератсияи Русия гардид. Маҷлиси раёсати Академияи ҳунарҳои бадеии Русия аввали моҳи январ дар ин бора қарор қабул намуд. Иштирокчиёни маҷлис якдилона ба тарафдории қабули С.Қурбонов ба узвияти академия овоз доданд.                   Сӯҳроб Қурбонов Рассоми халқии ИҶШС ва Тоҷикистон, ду карат барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, дорандаи медали тиллои Пушкин, барандаи ҷоизаи Комсомоли Ленинӣ мебошад. Асарҳои ӯ толорҳои бисёр осорхона ва намоишгоҳҳои ҷаҳонро оро медиҳанд.                    Рассом ба наздикӣ асари нави худро таҳти унвони «Ваҳдати кулл ва кулли воҳид» ба охир расонд. Асар аз 4 қисм иборат аст. Се қисми он дар бораи таърихи халқи тоҷик ҳикоя карда, лаҳзаҳоро аз достони Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ифода менамоянд. Қисми чоруми асар ба ҳаёти халқи тоҷик дар солҳои 90 — уми асри ХХ бахшида шудааст.                                                                                                                                             Тарҷумон — Қудратов А. 

Январь 27, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад