РАЗВЕДКАИ ИМА САРДОРОНИ ҚАБИЛАҲОИ АФҒОНРО БО РИШВА МЕХАРАД

Январь 6, 2009 13:52

Вашингтон, 6 январ. (АМИТ  «Ховар» — Кабар).- Разведкаи ИМА дар Афғонистон барои ба даст овардани маълумот дар бораи  фаъолияти силоҳбадастон усулҳои гуногунро истифода мебарад. Рӯзномаи  «Вашингтон  пост»  хабар медиҳад, ки разведкачиён барои ба даст овардани маълумоти зарурӣ ба сардорони қабилаҳои маҳаллии Афғонистон на танҳо пулу мол пора медиҳанд, балки онҳоро ба ивази доруҳои барангезандаи ҳиссиёти шаҳвонӣ мехаранд. Дар мақолаи рӯзнома мисол оварда мешавад, ки як корманди  Раёсати марказии разведка ба назди сардори қабилаи  60 — солаи афғон омада, ба ӯ доруҳои кабудчаранги «Виагра» тӯҳфа кардааст. Ӯ баъди чанд рӯз ба роҳбаронаш маълумоти муҳимро пешниҳод намуда, дархост кардааст, ки ба ӯ боз  доруи «Виагра» диҳанд. Разведкачиён барои ба даст овардани ҳадафҳояшон ба мансабдорон ҳатто кордчаҳои  қаламтезкунӣ, асбобу анҷоми гуногун, бозичаҳо, дору ва асбобу анҷоми таҳсили сохти хориҷиро тӯҳфа мекунанд.Рӯзнома менависад, ки разведкаи Амрико барои ба даст овардани маълумот аз усулҳои гуногун, аз ҷумла сохтани мактабҳо дар деҳаҳои дурдаст ва  ба куҳансолон пешниҳод намудани ҳар гуна даво истифода мебаранд. Қайд карда мешавад, ки  дар шароити имрӯза ба сардорони қабилаҳо додани пора  дар шакли пул ё аслиҳа самараи дилхоҳ намедиҳад. Тавре ки маълум аст, сардорони қабилаҳои афғон одатан одамони солхӯрда буда, то 4 нафар зан доранд. Онҳо ба воситаи доруҳои барангезандаи қувваи шаҳвонӣ обрӯю эътиборашонро дар оила  ва  қабила нигоҳ медоранд. Яке аз афсарони собиқи Раёсати марказии разведка Роберт Байэр зикр мекунад, ки Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар вақташ барои гирифтани маълумот аз дипломатҳои хориҷӣ бисёр вақт занону духтаронро истифода мебурд.

Январь 6, 2009 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд