СӮҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲОМИД КАРЗАЙ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай 1 январи соли 2009 сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла интиқоли кӯмакҳои башардӯстона ба воситаи роҳҳо ва пулҳои қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон, интиқоли маводи хӯрока ва дигар масолеҳи сохтмонӣ барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вазъи бехатарию амнияти минтақа, ҳамкориҳо дар масъалаи бехатарӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир ва дигар мавзӯоти вобаста ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардиданд.Тарафҳо оид ба тадбирҳои муштарак алайҳи бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳони муосир ибрози назар карданд. Роҳбарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки вақтҳои наздик барои ҳаллу фасл, муҳокима ва баррасии масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду тараф муфид ба кишварҳои якдигар сафарҳои расмӣ анҷом диҳанд.Дар ин робита роҳбарони давлатҳо ба Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои худ барои таҳияи санадҳои лозимаи масъалаҳои баррасишаванда дастуру супориш доданд.Сӯҳбат дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии хоси роҳбарони ду давлати ба ҳам дӯсту бародар сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






