САРВАЗИР БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО АЗ ҶОНИБИ БРА БОВАРӢ КАРД

Январь 28, 2009 17:04

                  Душанбе, 28-уми январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 28 январи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо муовини раиси идораи Бонки рушди Аврупо Камбар Шалгимбаев мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо бонки мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.                   Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба узвияти бонки мазкур шомил буданро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва Бонки рушди Аврупо бояд дар тарҳрезӣ, амалисозӣ ва маблағгузории лоиҳаҳое саҳмгузор бошад, ки имконоти пешбарандаи иқтисодиёти давлатҳои минтақаро дар бар гирифта, ба манфиати мардумони он нигаронида шуда бошанд. Бахусус, изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли нерўи барқ фаъолона иштирок мекунад.                  Мусоҳибон инчунин, самтҳои дигари муносибатҳои Тоҷикистон ва Бонки рушди Аврупоро, ки имкони рушду тавсеаи онҳо вуҷуд дорад, мавриди баррасӣ қарор доданд.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.  

Январь 28, 2009 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд