ШУМОРАИ БЕКОРОН ДАР САРОСАРИ ОЛАМ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Шумораи бекорон дар соли 2009 дар мавриди муташанниҷ гардидани вазъи иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон нисбат ба соли 2007 қариб 30 миллион нафар зиёд гардида, ба 210 миллион нафар мерасад, гуфта мешавад дар маърӯзаи Созмони байналхалқии меҳнат. Мувофиқи маълумоти пешакии Хазинаи байналхалқии асъор дар моҳи октябри соли 2008 шумораи бекорон мебоист аз 15 то 20 миллион нафар зиёд мешуд. Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки шумораи коргарони қашшоқ дар давоми соли равон қариб ба 1,4 миллиард нафар мерасад. Теъдоди коргароне, ки барои корашон маош намегиранд, дар ин давра 53 фоизи аҳолии қобили корро ташкил хоҳад дод. Дар маърӯзаи Созмони байналхалқии меҳнат гуфта мешавад, ки соли 2008 теъдоди аз ҳама зиёди бекорон дар мамлакатҳои шимоли Африқо ва Шарқи Наздик ба қайд гирифта шуд. Теъдоди бекорон инчунин дар мамлакатҳои минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу шарқии Аврупо ва ИДМ низ бисёр аст. Мамлакатҳои қисмати ҷанубии Саҳрои кабир ва Амрикои лотин низ аз бекорӣ зиёни калон мебинанд. Хабар дода мешавад, ки шумораи бекорон дар мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо нисбатан камтар аст. Зеро ҳукуматҳои ин мамлакатҳо барои бо кор таъмин намудани аҳолӣ сари вақт тадбирҳои самарабахш меандешанд. Дар маърӯза гуфта мешавад, ки теъдоди хеле зиёди қувваи корӣ дар ҷаҳон самарабахш истифода бурда намешавад. Агар мамлакатҳои ҷаҳон аз захираҳои мавҷудаи дохилии худ, қарзҳои Хазинаи байналхалқии асъор ва усулҳои дигарро истифода бурда, тадбирҳои сиёсии якҷояро мувофиқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии меҳнат амалӣ созанд, оқибати коҳиши истеҳсоли мол ва зуҳуроти қашшоқшавии аҳолиро то андозае пешгирӣ кардан мумкин аст. Дар чунин шароит, Созмони байналхалқии меҳнат роҳбарони 20 мамлакати тараққикардаи ҷаҳонро даъват мекунад, ки 2 апрели соли равон дар Лондон ҷамъ омада, дар баробари масъалаҳои молиявӣ тадбирҳои кам кардани шумораи бекорон ва бо кор таъмин намудани аҳолиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






