СУПОРИШИ БУНЁДИ ГАРМХОНАҲО ИҶРО НАГАРДИД
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии шӯъбаи меваю сабзавот ва картошкапарварию хӯроки чорвои Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2008 -2009 ба истифода додани 60,04 гектар гармхонаҳо дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шуда аст. То 26-уми январи соли 2009 дар миқёси ҷумҳурӣ дар 42,87 гектар замини гармхонаҳо кишти помидор ва бодиринг анҷом дода шудааст, ки ин баробари 71,4 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Ҳоло дар майдони 19,03 гектар гарммхонаҳои ҷумҳурӣ помидор ва дар масоҳати 10,72 гектар бодиринг парвариш карда мешавад, ки аз он 17 гектар дар вилояти Суғд, 14 гектар дар вилояти Хатлон ва 11 гектар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад. Албатта ин миқдор гармхонаҳо наметавонанд тамоми аҳолии ҷумҳуриро бо помидору бодиринги тару тоза таъмн намоянд, аммо дар таъмини як қисми аҳолӣ бо сабзавот метавонанд мусоидат намоянд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






