ТОҶИКИСТОН ГАЗИ ТАБИИРО АЗ ӮЗБЕКИСТОН БО НАРХИ ГАРОН МЕХАРАД
Душанбе, 3 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Роҳбарону намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» ва ширкати «Ӯзтрансгаз» дар шаҳри Тошканд дар масъалаи фурӯши гази табиии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2009 созишнома имзо карданд. Тавре хабар дода шуда буд, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори генералии КВД «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов дар Тошканд бо намояндагони ширкати «Ӯзтрансгаз» дар ин масъала гуфтушунид анҷом дод. Муовини директори КВД «Тоҷикгаз» Шавкат Шоимов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки мувофиқи созишнома, Тоҷикистон соли 2009 ҳазор метри мукааб гази табииро аз Ӯзбекистон бо нархи 240 доллари ИМА мехарад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






