ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОН САРМОЯГУЗОРИҲОРО МУТАҚОБИЛАН ҲИМОЯ МЕКУНАНД

Январь 6, 2009 15:56

          Душанбе, 6 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи қабул намудан ва мавриди амал қарор додани  Кодекси мурофиавии ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд.         Аъзои Шурои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин,  Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи  сармоягузориҳоро баррасӣ карданд.      Зимни муҳокимаи масъалаҳои зикршуда, раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии ҷумҳурӣ Мирзошариф Исломиддинов гуфт, ки  қабули лоиҳаи қонунҳои баррасишуда ҷиҳати  тақвияти волоияти қонун ва рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ба кишвар нақши муассир мегузоранд.         Дар фарҷом,  масъалаҳои зикршуда, ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат,  даъвати сеюм пешниҳод карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси шӯъбаи иттилооти палатаи поёнии парлумони мамлакат Каримҷон Азизов хабар дод. 

Январь 6, 2009 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд