«ТОҶИКСТАНДАРТ» РАДАРҲОИ БДА-РО ТАШХИС МЕКУНАД

Январь 9, 2009 15:08

Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси дастгоҳҳои андозагирии суръати ҳаракати нақлиёт (радар) насб карда мешавад. Дар ин бора директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Ҳотамов дар ҳайати мушовараи Агентӣ 9 январ, ба масъулин супориш дод.Д. Ҳотамов зикр кард, ки имрӯз дар баъзе ҳолатҳо кормандони БДА бе асос дар пасхамҳо истода мошинҳоро манъ мекунанд, ки гӯё ронандагони онҳо суръати қоидаи роҳро вайрон карда бошанд. «Ҳол он ки, маълум нест худи дастгоҳҳои суръатсанҷ дуруст кор мекунанд ё не. Аз ин рӯ, масъулин вазифадор карда мешаванд, ки дар давоми ду моҳ озмоишгоҳи ташхиси дастгоҳҳои андозагирии суръати ҳаракати нақлиётро дар ҷумҳурӣ насб намоянд», — тазаккур дод директори Агентии «Тоҷикстандарт».          Инчунин, Д. Ҳотамов қайд кард, ки мо – кормандони Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» бояд соҳибкоронро омӯзонем, на ин ки онҳоро бо ҳар гуна восита аз иқдоми гирифтаашон дилсард созем ва бо ин садди роҳи рушди соҳибкорӣ ва баланд рафтани иқтидори иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гардем. Ҳадафи аслии ба санҷишҳо моратория эълон намудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар ҳамин аст, ки санҷишҳои беасоси мақомоти назоратӣ аз байн бурда шаванд.  

Январь 9, 2009 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд