ТВТ ФИЛМИ «ИМОМ ҲАНИФА НӮЪМОН»-РО НАМОИШ МЕДИҲАД
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯзҳо гурӯҳе аз мутахассисони тоҷик дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон филми 9 сериягии «Имом Ҳанифа Нӯъмон»-ро аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума менамоянд. Ин филм аз ҷониби Президенти Мисри Араб Ҳусни Муборак ба мардуми Тоҷикистон ҳадя шудааст. Филмро зимни сафари худ ба Душанбе вазири Мисри Араб оид ба ҳамкории байналхалқӣ Фоиза Абӯнаҷо ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонид. Бояд зикр кард, ки филми мазкур роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам ҳикоят карда, онро коргардони мисрӣ Ҳасомуддин Мустафо наворбардорӣ кардааст. Нақши Имоми Аъзамро ҳунарманди маъруфи Мисри Араб Босим Баҳоуддин бозидааст. Бино ба иттилои роҳбарияти Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо дастури Сарвари давлат ин филм дар муддати кӯтоҳтарин тарҷума ва ба мардум намоиш дода мешавад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






