ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ЖУРНАЛИСТОНРО ҚАДРДОНӢ КАРД
Душанбе, 23 января. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 23 январи соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти мабуотӣ баргузор гардид. Дар он вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов роҷеъ ба бурду бохти соҳа дар соли 2008 маълумот дода, қайд кард, ки бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пўст ва узвҳои таносул дар ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалӣ дар 30 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҳуҷраҳои боварӣ барои табобати муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ҷавонон оид ба табобати синдромӣ нисбат ба бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, кушода шуд. Бояд қайд кард, ки дар 6 моҳи соли равон зиёда аз 22 000 муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳуҷраҳо муроҷиат намудаанд, ки 70 фоизи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои таъмини аҳолӣ бо дорувории сифатнок ва пешгирии воридоти доруҳои қалбакию пастсифат дар соли ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумрук чораҳои зарурӣ андешида шуда, миқдори доруҳои ба қайди давлатӣ гирифташуда ва аз таҳлили сифат гузаронидашуда зиёд гардида, миқдори доруҳои ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгу набуда нисбат ба солҳои пешин кам гардидааст. Нақшаи буҷҷети соҳаи тандурустӣ дар соли 2008-ум 255 494 ҳазор сомонӣ буда, тибқи ҳисобҳои пешакӣ иҷроиши он 247 830 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин баробар ба 97 фоиз аст. Нусратулло Салимов дар хотимаи нишаст барои хуб инъикос намудани фаъолияти Вазорати тандурустӣ ба се нафар рӯзноманигорон, аз ҷумла рӯзноманигори ҳафтаномаи «Саломат бошед» Додохони Эгамзод, хабарнигори Агентии иттилоотии «Азия плюс» Мавҷуда Ҳасанова ва мухбири рўзномаи «Бизнес и политика» Олимҷон Қурбонов бо ҷоизаи Вазири тандурустӣ қадрдонӣ кард.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






