ЗАХИРАИ ОБИ ОБАНБОРИ НОРАК ТОРАФТ КАМ МЕШАВАД

Январь 27, 2009 16:52

               Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Муовини аввали вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба журналистон хабар дод, ки интиқоли транзитии қувваи барқи Туркманистон аз 1 январи соли равон ба Тоҷикистон қатъ карда шуд. Мақомоти Ӯзбекистон ба транзити қувваи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба воситаи қаламрави мамлакаташон иҷозат надоданд.              Қайд карда шуд, ки захираи оби обанбори Норак барои истеҳсоли қувваи барқ то охири нимаи аввали моҳи феврал кифоя мекунаду халос. Айни ҳол ба обанбори Норак дар ҳар сония 122 метри мукааб об ворид мегардад, Барои истеҳсоли қувваи барқ дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак ҳар сония 440 метри мукааб об сарф мешавад.              Пешгӯӣ карда мешавад, ки моҳи феврал ҳаҷми оби дарёи Вахш зиёдтар гашта, дар ҳар сония ба 200 метри мукааб хоҳад расид. Баландии сатҳи оби обанбори Норак айни ҳол 864 ,57 метрро ташкил медиҳад. Ҳол он ки аз рӯи қоидаҳои техникӣ сатҳи оби он набояд аз 857 метр паст гардад.  

Январь 27, 2009 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад