ҲАЙАТИ ҲУКУМАТИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДУШАНБЕ ОМАД

Февраль 18, 2009 14:31

               Душанбе, 18 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини аввали Сарвазири ин мамлакат, вазири молия Рустам Саидов ба Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмононро дар вокзали роҳи оҳани пойтахт муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов пешвоз гирифт.                Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маҷлисҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Комиссияи масъалаҳои муқаррар намудан ва қонунӣ гардонидани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат меварзад.               Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин сафари нахустини ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар давоми шашу ним соли охир мебошад.               Ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон бори охир 23 августи соли 2002 барои иштирок дар маҷлиси нахустини Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар ба Душанбе омада буд. Дар протоколи хотимавии ҳамон маҷлис проблемаҳои дар муносибати ҳар ду ҷониб вуҷуддошта қайд карда ва имкониятҳои ҳалли онҳо пешбинӣ карда шуда буданд.                Акнун дар Душанбе маҷлиси дуюми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад, ки рӯзномаи он 13 масъаларо дар бар мегирад.

Февраль 18, 2009 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд