ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ба шаҳри Бонни Ҷумҳурии Олмон сафари хидматӣ анҷом дод. Ӯ дар Конференсияи муассисони Агентии байналмиллалӣ оид ба энергияи барқароршаванда «IRENA» иштирок намуд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 550 нафар бо намояндагӣ аз 124 кишвари ҷаҳон ва 34 созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла 41 вазири соҳаи энергетикаи мамлакатҳои гуногуни дунё ширкат варзиданд. Гул Шералӣ дар маърузаи худ вобаста ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши энергияи барқароршаванда, корҳои анҷомдода дар самти мазкур аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, барномаҳои давлатии қабулгардида оид ба сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда ва сохтмони Неругоҳи Барқии Обӣ (НБО) — и хурд суханронӣ намуд. Инчунин оид ба масъалаи мавҷуд будани шароити мусоиди рушди энергияи барқароршаванда, аз ҷумла энергияи офтоб, шамол, энергияи об (дарёҳои хурд) дар Тоҷикистон қайд гардид ва дастгирии Ҳукумати ҶТ дар масъалаи таъсиси Агентии байналмиллалӣ оид ба сарчашмаҳои энергияи барқароршаванда ва ба имзо расонидани Оиномаи ин созмон ҷиҳати воридшавии ҶТ ба он, иброз намуд. Бояд қайд намуд, ки 75 кишвари дунё низ ба Оиномаи таъсисдиҳии Агентии «IRENA» имзо гузоштанд. Инчунин Гул Шералӣ бо роҳбарияти ширкати олмонии «IPROD RESDEN» оид ба масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти тармиму таҷдиди НБО ва сохтмони НБО-и хурд вохӯрӣ гузаронд. Аз натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мутахассисони ширкати мазкур дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






