ҲАМКОРИИ НИЗОМИИ ҚАЗОҚИСТОНУ ИСРОИЛ БА МАНФИАТИ КИСТ ?

Февраль 2, 2009 09:58

                   Вазорати мудофиаи Қазоқистон аз Исроил хоҳиш намуд, ки барои беҳтар сохтани фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ ва истеҳсоли навъҳои нави аслиҳа мувофиқи меъёрҳои НАТО ба он кӯмак расонад. Дар Остона ҳатто аз Исроил хоҳиш карда шуд, ки дар Қазоқистон барои истеҳсоли навъҳои нави техникаи ҳарбӣ корхонаи муштарак сохта шавад. Муовини вазири мудофиаи Қазоқистон Қозимурод Маерманов ба хабарнигорон гуфт, ки масъалаи бунёди корхонаи муштарак ояндаи наздик ҳал карда мешавад. Ҷониби Қазоқистон дар ин масъала бо намояндагони ширкати «Солтам систем лтд» -и Исроил гуфтушунид мекунад. Бояд гуфт, ки мутахассисони ширкати мазкур ба қарибӣ дар такмили системаи тӯпхонаи «Семсер» — и Қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон иштирок намуда буданд.                  Коршиноси масъалаҳои ҳамкории низомии Исроил ва мамлакатҳои ИДМ Евгений Сова зикр кард, ки мутахассисони Исроил ва Қазоқистон айни ҳол ба такмили сифатҳои низомии танки шӯравии Т — 72 диққати калон медиҳанд. Коршиносони ҳарбии Исроил дар вақташ ҳамин гуна танкро дар Гурҷистон такмил дода буданд. Қувваҳои мусаллаҳи Қазоқистон имрӯз қариб 600 танки Т — 72 дорад. Пешниҳод карда мешавад, ки коршиносони исроилӣ ба танки мазкур асбобу анҷоми навтарини электронӣ насб кунанд. Инчунин ҳавопаймоҳои шикории Су — 25 аз ҷониби коршиносони исроилӣ ба талаботи имрӯза мувофиқ гардонда хоҳанд шуд.                   Тибқи нақша, дар заминаи корхонаи дастгоҳҳои вазнини Петропавловск корхонаи ҳарбӣ сохта хоҳад шуд. Оянда дар ин ҷо навъҳои аслиҳае сохта мешавад, ки онро ба хориҷа низ фурӯхтан мумкин аст. Дар Қазоқистон чунин мешуморанд, ки Исроил дар минтақаи Шарқи Наздик мунтазам амалиёти ҳарбӣ мегузаронад. Бинобар ин техникаи ҳарбии худро муттасил такмил медиҳад.                  Қайд кардан лозим аст, ки мутахассисони ҳарбии Исроил баъди барҳам хӯрдани ИҶШС бо баъзе мамлакатҳои собиқи шӯравӣ дар соҳаи низомӣ бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Вазоратҳои мудофиаи Украина ва Гурҷистон дар ин бобат мисоли равшан мебошанд. Ба қавли Е.Сова, чунин ҳамкорӣ сабаби ташвишу изтироби Маскав нагардида наметавонад. Дар Русия ба ҳамкории мамлакатҳои ҳамсоя дар соҳаи низомӣ диққати махсус дода мешавад.                   Ба қавли коршиносон, қарори Остонаро дар бораи тавсеаи ҳамкории низомӣ бо Исроил ба фиристодани қувваҳои ҳомии сулҳи ин мамлакат ба Афғонистон вобаста кардан мумкин нест. Дар ин бора соли гузашта котиби давлатии Қазоқистон Қанот Саъдибоев сухан ронда буд. Шореҳони ҳарбӣ чунин пешгӯӣ мекунанд, ки Исроил дар оянда пойгоҳҳои таълимии низомии худро барои такмили маҳорати хизматчиёни ҳарбии давлатҳои аъзои НАТО пешниҳод карда метавонад. Чанде пеш хизматчиёни ҳарбии Чехия пеш аз сафарашон ба Афғонистон ду ҳафта дар яке аз пойгоҳҳои низомии Исроил машқ карда буданд. Аз рӯи хабарҳои ғайрирасмӣ, муншии умумии НАТО Яап де Хооп Схеффер аввали моҳи январ ба Тел — Авив ташриф оварда, зимни мулоқот бо роҳбарияти Исроил дар бораи истифодаи пойгоҳҳои низомии мамлакат барои машқи хизматчиёни ҳарбии мамлакатҳои аъзои НАТО пеш аз фиристода шуданашон ба Афғонистон паймон карда буд.                   АМИТ «Ховар» — «Немецкая Волна»                  (Тарҷумаи АМИТ «Ховар»)                  Тарҷумон — Қудратов А.  

Февраль 2, 2009 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?