ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДАР СОҲАҲОИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА ВУСЪАТ М
Душанбе, 6 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ 5 феврал бо вазири тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидмасъуди Мирқозимӣ мулоқот кард. Мусоҳибон зимни сӯҳбат ба баъзе масъалаҳои муҳимтарини ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат дахл намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои тезонидани суръати сохтмони НБО «Сангтӯда — 2» ва таҳияи ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 500 — киловатта дар қитъаи «Роғун — Сангтӯда — Курз — Мазори Шариф — Ҳирот — Машҳад» муҳокима шуданд. Ҳамчунин масъалаи бунёди корхонаи муштарак дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии «Чароғ» бо иштироки корхонаи «Озарнур» — и Эрон барои истеҳсоли чароғҳои каммасрафи барқӣ ва корхонаи муштарак барои истеҳсоли трансформаторҳои баландшиддат дар заминаи ҷамъияти «Трансформатор» бо иштироки корхонаи «Эронтрансфор» диққати калон дода шуд. Паймон карда шуд, ки дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» бо иштироки ширкати эронии «Сайпо» корхонаи муштараки истеҳсоли мошинҳои боркаш кушода шавад. Ғайр аз ин дар корхонаи муштараки «Тоҷирон» истеҳсоли навъҳои нави тракторҳо ва техникаи кишоварзӣ зиёд карда хоҳад шуд. Ҳар ду ҷониб дар фарҷоми мулоқот паймон карданд, ки барои ҳалли проблемаҳои сармоягузорӣ ва тиҷорат дар байни Тоҷикистону Эрон кумитаи муштарак созмон дода шавад. Тарҷумон — Қудратов А.








Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






