ҲОМИЁНИ ОЯНДАИ ВАТАН ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

Февраль 17, 2009 09:52

                   Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи 16-умин солгарди таҷлили Рӯзи Артиши миллии кишвар Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногунро баргузор менамояд. Яке аз онҳо вохӯрии ҷавонон ва мактабиёни пойтахт бо ҳаёти аскарону афсарони қисмҳои низомии мустақар дар пойтахт мебошад.                    Чунин вохӯрии судманд ва фаромӯшнопазир дар қисмҳои низомии 08010 ва 10040-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки беш аз 250 нафар хонандагони синфҳои болоии ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии пойтахт бо ҳаёти аскарону афсарони қисмҳои низомии зикршуда шинос гардиданд.                   Назар ба андешаи сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов ин чорабиниҳо дар асоси барномаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони шаҳри Душанбе барои солҳои 2006-2010 бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, омодагӣ ба маъракаи тодаъватиии онҳо ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.                   Ҳамзамон, Д. Қурбонов афзуд, ки чунин экскурсияҳои хонандагони синфҳои болоӣ ба қисмҳои низомии дар пойтахт қарордошта, дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ ташкил карда мешавад.

Февраль 17, 2009 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад