ҶУСТУҶӮИ АРХЕОЛОГӢ ДАР БАЛҶУВОН

Февраль 17, 2009 09:57

                      Балҷувон, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», С. Холов). — Бо мақсади гузаронидани экспедитсияи илмӣ оид ба омӯзиши ёдгориҳои таърихии ноҳияи Балҷувон ҷӯстуҷӯ ва муайян намудани арзишҳои фарҳангӣ ва археологӣ таҳияи китоби таърихи Балҷувон, ҷустӯҷуҳои археологӣ дар моҳи июли соли 2007 ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва дар моҳҳои август-сентябри соли 2008 ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ дар қалъаи таърихии Балҷувон гузаронида шуд. Экспедитсияи илмӣ инчунин аз қалъаҳои Турк, Дектур ва Чорбоғ даври асри сангини деҳаҳои Шаҳиди Бобохону Файзобод дидан намуда, бозёфту маводҳо ҷамъоварӣ намуда барои таҳлил ва омӯзиш ба АИ ҶТ супориданд.                      Вобаста ба ин мавзӯъ қисми аввали китоби «Таърихи мухтасари Балҷувон» аз тарафи Достӣ Шарифов нашр гаштааст ва қисми дуюми китоб омодаи нашр мебошад. Инчунин китобҳои «Навои куҳанро навӣ»-и Холмаҳмад Мавлонов, «Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ»-и Муҳаммади Шоҳ, «Фасонаҳои Балҷувон»-и Абдурафеъ Рабизода ва «Шукуфаҳои Балҷувон»-и Шарофат Атоева нашр гардиданд. Барои ворид намудани ёдгориҳои фарҳангию табиии ноҳия ба руйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО санадҳои зарурӣ ба коршиносони ЮНЕСКО дар Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Февраль 17, 2009 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд