3,5 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ДАВЛАТИ ФИНЛЯНДИЯ

Февраль 2, 2009 15:04

                     Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Сокини кӯчаи Яккачинор 144/1-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Баҳодур Олимови 27-сола ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза муроҷиат намуда, шикоят кард, ки сокини кӯчаи И.Сомонии ноҳияи Сомонӣ Мирзо Абдураҳмонов бо роҳи фиреб аз ӯ 3 ҳазору 500 доллари ИМА-ро гирифта бар нагардонидааст.                     Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки моҳи июли соли 2008 М.Абдураҳмонов бо роҳи фиреб ба боварии Б.Олимов даромада, дар хиёбони Рӯдакӣ дар назди меҳмонхонаи Авесто бо мақсади тайёр намудани ҳуҷҷат барои равона кардани таҳсил ба давлати Финляндия аз ӯ 3 ҳазору 500 доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол на ҳуҷҷат тайёр кардасту ва на маблағи гирифтаашро бар гардонидааст.                     Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.

Февраль 2, 2009 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд