АНДОЗРО БОЯД СУПУРД

Февраль 2, 2009 15:43

                       Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар давоми соли 2008 — ум буҷети давлатӣ аз рӯи — намуди андоз, даромадҳои ғайриандозӣ ва грантҳо таъмин карда нашуда, ба он қариб 133 миллион сомонӣ ворид нагардид. Аз ҷумла аз ҳисоби андози ягона аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ, андоз аз фурӯши нахи пахта 24,2 миллион сомонӣ, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ 9 миллион сомонӣ, андоз аз маҳсулоти коркард 5,6 миллион сомонӣ иҷро нагардид. Инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ӯҳдадориҳо оиди пардохти фоизҳо аз рӯи депозити буҷети ҷумҳурӣ, ки дар асоси шартномаи дутарафа муайян гардидааст, дар ҳаҷми 21 миллион сомонӣ ворид карда нашуд.                     Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ буҷети маҳалӣ иҷро нагардид. Аз чумла, дар вилояти Хатлон буҷети ноҳияҳои Вахш ва Қабодиён, дар вилояти Суғд ноҳияи Мастчоҳ ва аз ноҳияҳои тобеъи ҷумхурӣ шаҳри Ваҳдат таъмин карда нашуданд.                     Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани ин манбаъҳои даромад, ин пеш аз ҳама таъмин нагардидани ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ, паст рафтани нархи молу хизматрасониҳо, аз ҷумла нархи сӯзишворӣ, нахи пахта, алюминий ва дигар молхо, ки аз таъсири бевоситаи бӯҳрони молиявӣ ба вуҷуд омаданд, мебошанд.                     Сабаби дигари иҷро нагардидани даромадҳои дохилӣ ин зиёдшавии бақияпулиҳои андоз ва пардохти иҷтимоӣ мебошад. Зиёдшавии бақияпулиҳои андоз дар чумҳурӣ дар ҳолати ташвишовар буда, характери доимиро гирифтаанд, ки дар охири соли 2008 — ум ҳаҷми онҳо ба 506,1 миллион сомонӣ баробар буда, нисбат ба аввали сол 119,7 миллион сомонӣ зиёд мебошанд.                      Бояд гуфт, ки сабабҳои зиёдшавии бақияпулиҳои андоз сари вақт иҷро нагардидани ӯҳдадориҳо аз ҷониби андозсупорандагон мебошанд.  

Февраль 2, 2009 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд