БАРОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ 5 МИЛЛИОН СОМОНӢ

Февраль 4, 2009 11:10

                      Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли 2009 барои мубориза ба муқобили малах ва дигар ҳашароти зараррасон бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 5 миллион сомонӣ ҷудо гардид.                      Боиси ёдоварист, ки соли 2008 малах ва дигар ҳашароти зараррасон дар майдони 130 ҳазор гектар замин паҳн шуда, ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо зарари зиёд ворид намуд.                      Барои мубориза ба муқобили малах беш аз 5 ҳазор нафар одам сафарбар гардид. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ин мақсад бо таври фаврӣ 4,5 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Аз ҷониби ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО)-и Созмони Милали Муттаҳид барои нобуд сохтани малах 500 ҳазор доллар ҷудо када шуда буд, ки он дар нест кардани малах мусоидат намуд.

Февраль 4, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд