БЕШ АЗ 1200 НАФАР СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ШУДАНД

Февраль 2, 2009 10:48

                Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 1200 нафар дар ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озоде, ки дар бинои Маркази таълимии калонсолони ҷумҳурӣ гузаронида шуд, бо роҳхат ба ҷои кор фиристонида шуданд                 Тибқи иттилоъи ба АМИТ «Ховар» расидаи Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе дар ярмарка аз ҷониби иттиҳодияю корхона ва муассисаҳои чор ноҳияи пойтахт 6 ҳазору 530 ҷойи кор пешкаш карда шуд. Дар ярмарка 11 ҳазору 30 нафар корҷӯён ширкат намуда, аз он 634 нафарашон барои омӯзиш, 10 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 95 нафар ба тадқиқоти сотсиологӣ, 45 нафар ба машварати касбӣ, 80 нафар ба биржаи меҳнатии ҷавонон, 131 нафар ба муҳоҷирати меҳнатии расмӣ ва 650 нафар ба субъектҳои хоҷагидор фиристонида шуданд.                  Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз ташкили чунин ярмаркаҳо ба кор ва шуғли муайян ҷалб кардани одамон ва бо ин роҳ паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа мебошад. Дар ярмарка 125 муассисаҳо беш аз 6 ҳазор ҷойи кори холиро пешниҳоди шаҳрвандон гардониданд.  

Февраль 2, 2009 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад